Афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба "сурхак" дар Қирғизистон
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар ба далели афзоиши шумори мубталоён ба бемории сурхак печидатар мешавад.
Ба ҳисоби вазорат, аз аввали сол то ҳол дар Қирғизистон 3289 ҳазор одам ба "сурхак" мубтало шудааст, ки бештари онҳо кудакони то 4-сола ҳастанд.
Ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Бишкек (989) ва Ӯш (321), вилоятҳои Ӯш (683), Чуй (515) ва Ҷалолобод (501) ошкор шудааст.
Вазорат афзуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ 95 дарсади сокинон бояд эм шаванд. Дар ҳоли ҳозир 76 дарсад эм карда шудаанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, сабаби рушди беморӣ худдорӣ аз ваксинзанӣ аст.