Президенти Эрон ба Тоҷикистон меояд
Иброҳим Раисӣ, президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ҳафтаи оянда ба Душанбе меояд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, сафари оқои Раисӣ ба Тоҷикистон 7-8 ноябр дар назар аст.
Дар назар аст, ки Иброҳим Раисӣ дар ин сафараш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомдорони баландпоя дидору гуфтугӯ кунад. Ширкат дар нишасти Палатаи савдои Тоҷикистон ва Эрон аз барномаҳои дигари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон аст.
Равобити Душанбе ва Теҳрон дар солҳои ахир пуршебу фароз будааст. Муносибати ду кишвар дар соли 2015 ба поинтарин сатҳ расида буд. Мақомот дар Душанбе Эронро барои ҳимоят аз ҲНИТ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва доман задан ба ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор карданд.
Расонаҳои эронӣ мақомоти Тоҷикистонро ба рабудани миллионҳо доллари Бобак Занҷонӣ, ки дар Эрон ба ҳабси якумра маҳкум шудааст, муттаҳам карданд.
Дар солҳои ахир равобити ду кишвар рӯ бар гармӣ овардааст.