Стивен Капус раҳбари нави Радиои Озодӣ таъйин шуд
Шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Стивен Капусро иҷрокунандаи нави вазифаи президенти радио таъйин кардааст.
Капус дар гузашта мақомҳои калидиеро дар телевизионҳои "CBS News" ва "NBC News" бар зимма дошт.
Стивен Капус беш аз 40 сол аст, ки дар бахши рӯзноманигорӣ ва мудирияти расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла беш аз 25 сол дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардааст. Ӯ соли 2005 президенти телевизиони "NBC News" шуд.
"Мо хеле хушҳолем, ки Стив розӣ шуд, Радиои Озодиро дар чунин як лаҳзаи муҳим дар таърихи радио раҳбарӣ кунад", - изҳор дошт намояндаи Шӯрои мудирони радио Карен Корнблух.
Капус то замони тасдиқ шудани номзадияш аз ҷониби Шӯрои машваратии ИМА дар умури радиошунавонӣ ва Конгресс иҷрокунандаи вазифаи президент хоҳад буд.
Стивен Капус корро аз 1 январ соли 2024 оғоз мекунад. Ӯ дар ин мақом Ҷейми Флайро, ки тобистони имсол истеъфо дода буд, иваз хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир Ҷеффри Гедмин президенти муваққати радио аст.