Наврасони тоҷик дар Тошканд се медали тилло гирифтанд
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки рӯзҳои 16-17-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, се медали тилло ба даст оварданд.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқот миёни нарасон беш аз 180 варзишгар аз 15 кишвари Осиё ширкат дошт.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти наврасон 10 нафар миёни писарон ва 1 нафар миёни духтарон намояндагӣ карданд:
Лоиқ Қутбуддинов (-55 кг).
Икром Шамсов (-55 кг).
Ёсин Бобокалонов (-60 кг).
Ворис Назаров (-66 кг)
Аминҷон Абдуҷалилзода (-73 кг).
Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг).
Ҷаҳонгир Норов (-81 кг)
Яҳё Алиев (-90 кг).
Аҳмад Табаров (+90 кг).
Шоҳмирхурди Бурҳонзода (+90 кг).
Духтарон:
Мадина Қурбонзода (-48 кг).
Аз байни онҳо се нафар – Лоиқ Қутбуддинов, Ёсин Бобокалонов ва Муҳиддин Асадуллоев, ки дар рақобатҳо дар вазни худ ҷои аввалро гирифтанд, бо медали тилло сарфароз гаштанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ дар мусобиқоти наврасон мунтахаби Узбекистон бо касби 9 медал (3 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо касби се медали тилло мақоми дувумро азони худ кард.
Дастаи Қазоқистон ба касби 8 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) севум ва мунтахаби Қирғизистон бо касби 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ) чаҳорум шуданд.
Ҳамакнун варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 18-19-уми ноябр дар Тошканд доир мегардад, ширкат меварзанд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон 9 писар ва 3 духтарро сафарбар намудааст:
Писарон:
Умар Шеров (-60 кг).
Набии Нуралӣ (-66 кг).
Бобоҷон Муқтадирӣ (-66 кг).
Суннатулло Мусоев (-73 кг).
Абубакр Шеров (-73 кг).
Суннатулло Лоиқов (-81 кг)
Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг).
Умедҷон Раҷабов (-90 кг).
Музамир Каримзода (-90 кг)
Духтарон:
Мадина Қурбонзода (-52 кг).
Аҳлия Муъминова (-52 кг).
Ҷонона Назарова (-63 кг).