Кумаки Бонки ҷаҳонӣ ба бунёди 500 боғча дар Қирғизистон
Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди 500 кудакистон дар Қирғизистон кумаки молӣ менамояд.
Хадамоти матбуотии Бонки ҷаҳонӣ иттилоъ дода, ки кудакон дар ин боғчаҳо се соат дарс хоҳанд хонд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди кудакон равона шуда, онҳо дар онҷо хоб намераванд ва ғизо низ дода намешавад.
Кудакон дар ду баст дар ин боғчаҳо дарс мехонанд.
Боғчаҳо дар доираи лоиҳаҳои "Маориф барои оянда" ва "Таҳкими асосҳои маориф", ки аз ҷониби Вазорати маорифу илми Қирғизистон бо дастгирии молии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешаванд, бунёд хоҳанд шуд.
Бинои 290 боғча ба мақомотҳои маҳаллӣ супурда шудааст ва ҳоло онҳо таъмир мешаванд. Барои бунёди 270 кудакистони дигар озмун эълом шудааст.