HRW Чинро дар тахриби масҷидҳо муттаҳам кард
Созмони ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" (HRW) гуфт, мақомоти Чин дар шимоли ин кишвар масҷидҳоро пайваста мебанданд ва тахриб мекунанд.
Ба гуфтаи созмон, ин иқдом як ҷузъи сиёсати "чинисозӣ" дар минтақаҳое мебошад, ки дар онҷо ақалиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ ба сар мебаранд.
Масъулони созмон гуфтаанд, ки дар минтақаҳои Нинся-Хуэй ва Гансуи Чин бисёре аз масҷидҳо баста ва биноҳои онҳо тахриб ё барои истифода ба ниҳодҳои дигар дода шудааст. Мудири HRW дар Чин Майя Вонг ин амалро "нақзи озодии дин ва фишор ба мусулмонони он кишвар номидааст.
Сиёсати "чинисозӣ" дар минтақаҳои чандмиллатиро раиси Ҳизби коммунистии Чин Сӣ Ҷинпин соли 2016 эълом карда буд. Ҳизби коммунистии Чин соли 2018 бо қабули қатъномае қарор кард, ки теъдоди масҷидҳо дар ин кишвар кам ва ба бунёди масҷидҳои нав иҷозат дода нашавад.
Ба иттилои созмон, аз замони қабули қатънома дар минтақаи Шинҷони Чин сеяки масҷидҳо баста ва тахриб шудаанд.
Дар Чин ҳудуди 20 миллион мусулмон зиндагӣ мекунад.