24 километри дигар. Созиши нави Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи марз
Гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари таъйини 24 километри дигари сарҳад мувофиқа кардаанд. Мулоқоти ҷонибҳо аз 29-уми ноябр то 5-уми декабри имсол дар шаҳри Бӯстони Тоҷикистон гузашт.