Боздошти 7 кас дар Қарағанда дар пайванд ба марги 46 тан дар як нақб
Мақомоти қудратии Қазоқистон дар доираи парвандаи таркиш дар нақби ба номи Костенко, ки боиси марги 46 тан шуд, 7 касро боздошт кардаанд.
Ному насаби боздоштшудаҳо нашр нагардидааст, танҳо гуфта мешавад, ки онҳо роҳбарон ва муҳандисони нақб ҳастанд. Боздоштшудаҳо дар "Вайрон кардани талаботи бехатарӣ ҳангоми анҷоми корҳои куҳӣ" гумонбар мешаванд.
Таркиш дар нақби ба номи Костенко дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон 28 октябр рух дод. Ҳангоми рух додани таркиш дар дохили нақб 252 кас қарор дошт. 205 тани онҳо тавонистанд, ки мустақилона нақбро тарк кунанд. 46 тан фавтид ва 48 каси дигар ҷароҳат бардошт.