Рустам Ятимов беҳтарин бозигари сол шуд
Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон, беҳтарин бозигари соли 2023 эълон шуд. Ин дарвозабони 25-сола, инчунин соҳиби ҷоизаи беҳтарин дарвозабони лигаи олии футболи Тоҷикистон гардид.