Доналд Трамп аз рақибони ҳамҳизбаш пеш гузашт
Бо вуҷуди парвандаҳои зиёди ҷиноӣ нисбат ба Доналд Трамп, ки таҳқиқашон идома дорад, ӯ рӯзи 15-уми январ дар овоздиҳии аъзои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар аёлати Айова аз довталабони дигари мақоми президент аз ҳамин ҳизб пеш гузашт.