Яке аз наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим: "Моро ғам медиҳанд"
Наздикони Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе манзили онҳоро дар кӯчаи Қаротегини пойтахт ба фоидаи Кумитаи сармоягузорӣ мусодира кардааст.