Барканории гурӯҳӣ – ҳосили сиёсати нодурусти кадрӣ?
Барканории гурӯҳии мансабдорони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии вилояти Хатлон дар ҳафтаи гузашта (дар пайи ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон) баҳси гарму суолҳои зиёдеро эҷод кард. Дар гузашта чунин маврид кам иттифоқ афтода буд, ё агар сурат гирифтааст, расонаӣ нашуда буд.