Дар Ғазза шумораи кушташудагон аз 27 000 тан гузаштааст
Артиши Исроил иддао дорад, ки амалиёти заминӣ дар шаҳри Хон Юнуси минтақаи Ғазза анҷом ёфта, акнун сарбозони Исроил ба марзи Ғазза бо Миср ҳаракат хоҳанд кард. Ҷониби фаластинӣ иброз доштааст, Исроил имкон намедиҳад, ки табибон ва наҷотбахшони фаластинӣ ба мардум ёрии саривақтӣ расонанд.