Бузургтарин тамрини паймони НАТО аз замони хатми Ҷанги сард
НАТО дар қаламрави Аврупо ба тамрини низомие оғоз мекунад, ки дар сӣ соли ахир, пас аз Ҷанги сард, собиқа надорад. Ҷанги Сард миёни Иттиҳоди Шуравӣ ва кишварҳои ғарбӣ то пошхурии ин иттиҳод, ки онро душман меномиданд, давом дошт. Дар ин тамрин даҳҳо ҳазор низомии НАТО ширкат меварзанд