Мунтахаби Қатар бори дуюм барандаи Ҷоми Осиё шуд
Дастаи мунтахаби Қатар, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Урдунро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, бори дуюм пайиҳам ба унвони қаҳрамони футболи Осиё даст ёфт. Бозии ниҳоӣ шаби 10-уми феврал дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Лусаили Қатар гузашт.