"Ташнаву гурусна дар фурудгоҳ ҳастем." Чаро даҳҳо тоҷикро ба Туркия роҳ надоданд?
Мақомоти Туркия дар як ҳафтаи охир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ба ин кишвар роҳ надода, қарори ихроҷи онҳоро дар Фурудгоҳи Истанбул содир кардаанд. Бархе аллакай ба кишвар баргашта, иддае ҳанӯз дар Фурудгоҳ ҳастанд. Мақомоти Туркия ва Тоҷикистон масъаларо шарҳ намедиҳанд.