Дар Хатлон ба хабарнигорон чӣ гуфтанду чӣ супурданд?
Мақомот дар вилояти Хатлон низ рӯзноманигоронро ба Иди матбуот табрик гуфтаанд. Дар ин рӯз мақомот ва рӯзноманигорон атрофи мушкили иқтисодии нашрияҳо суҳбат карданд, вале ҳарфе аз дастраси ба озодии баён ва фишор ба рӯзноманигорон садо надодааст.