Салом, хоҳар. Чаро баъзе аз кӯдакон бемор таваллуд мешаванд?
Дар барномаи имрӯз аз муҳимтарин масъалаи оилаҳо дар Тоҷикистон суҳбат мекунем. Таваллуд, замони бордорӣ ва мушкилоте, ки баъдан сабаби таваллуди тифли норасид, бемор ва ё кундзеҳн мешавад. Табибон мегӯянд, чӣ бояд кард, то тифл солиму тандуруст ба дунё биёяд ва бузург шавад.