Додгоҳи Русия чаҳор гумонбари ҳамла ба "Крокус"-ро ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав шоми 24-уми март чаҳор шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба терроризм гумонбар донист ва то охири моҳи майи имсол ба ҳабс гирифт. Айбномаи онҳо тибқи қисми сеи банди 205-қонуни кайфарӣ ё ҷиноии Русия ҷазоҳоеро то ҳабси абад пешбинӣ мекунад.