"Сахт ошуфта буд." Дархости ҳамсари Сулаймон Давлатов аз мақомоти Литва
Ҳамсари паноҳанда ва фаъоли сиёсии тоҷик Сулаймон Давлатов аз президенти Литва хостааст, ки ба қазияи шавҳараш дахолат карда, нагузорад, ӯро ба Тоҷикистон фиристанд. Мақомоти Литва Давлатовро ба гумони "таҳдид ба амнияти миллӣ"-и ин кишвари аврупоӣ рӯзи 5-уми апрел дастгир карданд.