Эмомалӣ Раҳмон гуфт, муҳоҷират бояд кам карда шавад
Се ҳафта баъди ҳамлаи маргбор дар Маскав, ки бо гумони содир кардани он дастикам даҳ шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба вилояти Суғд иқрор кард, ки кишвараш бояд бо ташкили шуғли бештар шиддати муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандонро коҳиш диҳад.