"Ояндааш норӯшан аст." Таъсири ҳамлаи Эрон ба нархи нафт
Дар охири ҳафтаи гузашта дар миёни хабарҳои эҳтимоли ҳамлаи Эрон ба Исроил баҳои маводи сӯхт дар ҷаҳон боло рафт. Акси садои ҳаргуна болоравии нархи нафт дар ҷаҳон ба Тоҷикистон ҳам мерасад. Вале бар хилофи интизориҳо аз пайомади ҳамла рӯзи 15-уми апрел арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ поин омад.