Эътирози мухолифони "агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон
Ҳазорҳо нафар шоми 15-уми апрел дар назди порлумони Гурҷистон эътироз карданд. Онҳо ба лоиҳаи ислоҳшудаи қонун "Дар бораи агенти хориҷӣ" мухолиф ҳастанд. Дар пайи бархӯрди эътирозгарону полис камаш 14 кас боздошт шудааст.