Озодии ду устоди Донишгоҳи амрикоӣ дар ивази раҳоии се узви Толибон
Гурӯҳи тундрави Толибон ду устоди Донишгоҳи амрикоӣ дар Афғонистонро, ки се сол пеш дар маркази шаҳри Кобул дуздида шуданд, дар ивази озодии се узви ин гуруҳ раҳо кардааст. Мақомоти Афғонистон ва манобеи Толибон ба хабаргузориҳо гуфтаанд, озодии Квин Кинги 60-сола аз Амрико ва Тимоти Викси 48-сола аз Австралия рӯзи 19-уми ноябр дар ноҳияи Навбаҳори вилояти Зобул сурат гирифт. Ин минтақа асосан зери назорати Толибон аст. Оҷонсии "Франс Пресс" ба нақл аз як мақоми пулис гуфт, ду профессори Донишгоҳи... Читать дальше...