Беларусия сафири Русияро "ҳисобдори умедбахш" номид
Вазорати корҳои хориҷии Беларусия изҳороти ахири сафири Русия Михаил Бабичро шадидан интиқод кард ва худи сафирро "ҳисобдори умедбахш" номид. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Беларусия Анатолий Глаз рӯзи 15 март дар шарҳи изҳороти Бабич ба хабаргузории РИА "Новости" гуфт, ки равобити Русияву Беларусия амиқтар аз " бастаи ҳисобҳои ҷаълӣ" аст, ки ба гуфтаи ӯ "сафири Русия ба он такя мекунад". Ӯ ба Михайил Бабич, сафири Русия дар Беларусия, машварат дод, ки беҳтар аст ба вежагиҳое кишваре, ки дар он сафир шудааст тармакуз кунад... Читать дальше...