Покистон рӯҳонии тарафдори Толибонро аз зиндон раҳо кард
Додгоҳи Покистон рӯҳонии тарафдори Толибон Суфӣ Муҳаммадро бо васиқа аз зиндон озод кард. Ин қарор чанд рӯз баъд аз изҳороти Вашингтон гирифта шуд, ки гуфтааст, то замони иқдомоти ҷидди Покистон алайҳи ҷангиёни исломӣ кӯмаки молӣ ба ин кишварро масдуд мекунад.
Додгоҳи баландпояи шаҳри шимолуғарбии Пешовар рӯҳонии солмандро рӯзи 8 январ, ба далели бад шудани саломатиаш аз зиндон озод кард.
Суфӣ Муҳаммад дар мурофиа гуфт, ки сиҳатияш рӯз ба рӯз бадтар мешавад ва ӯро бояд озод кунанд, - мегӯяд нашрияи Dawn.
Гуфта мешавад, ки рӯҳонии 90-сола Суфӣ Муҳаммад раҳбари гурӯҳи "Таҳрики Нифози Шариати Муҳаммад" ва падарарӯси Мавлоно Файзуллоҳ - раҳбари Толибони Покистон аст. Суфӣ Муҳаммад, ки аз соли 2009 дар зиндони амниятӣ қарор дорад, ҳоло бо иттиҳоми куштор, шӯришгарӣ, хиёнат ва терроризм мурофиа мешавад.
Қарори озодии ӯ бо васиқа ҳамагӣ як ҳафта баъд аз тасмими Вашингтон дар заминаи масдуд кардани кӯмакҳо ба Покистон гирифта шуд. Вашингтон аз Покистон талаб кард, ки алайҳи "Шабакаи Ҳаққонӣ" ва Толибони Афғонистон, ки Амрико алайҳи онҳо мубориза мебарад, даст ба кор шавад. Покистон дар посух гуфт, "муҳлатҳои худсарона, баёнияҳои якҷониба ва иваз шудани ҷойи ҳадафҳо барои мубориза бо терроризм созгор нест".