Мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Чин расид
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов имрӯз, 19-март, барои гузаронидани ҷамъомади талимиву тамринӣ дар доираи омодагӣ ба бозии даври охирини мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Филиппин ба Чин расид.