Хайрулло Мирсаидов ду моҳи дигар дар боздошт мемонад
![Хайрулло Мирсаидов ду моҳи дигар дар боздошт мемонад](https://gdb.rferl.org/C4AE17A8-1CBC-4268-84CD-072DED771976_cx0_cy8_cw0_w800_h450.jpg)
Муҳлати тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, то моҳи июни имсол дароз шуд. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Суғд рӯзи 4-уми апрел гуфт, “ин муҳлат имкон хоҳад дод, ки парванда ҳаматарафа таҳқиқ шавад”.