Дар Идораи умури дохилии ноҳияи Сино-2 санҷиши дохилӣ сар шудааст, то муайян кунад, ки оё маъмурони милисаи ин минтақаи Душанбе дар латту кӯб ва марги Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, даст доранд ё не.
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаи 50-сола рӯзи панҷшанбе, 5-уми апрел, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ 4-уми апрел аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар паи музокирот дар Анкара президентони Эрон, Туркия ва Русия ӯҳдадор шуданд, ки талошҳо барои истиқрори оромӣ дар Сурияро суръат мебахшанд. Президентони Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Русия – Владимир Путин ва Эрон – Ҳасани Рӯҳонӣ ба ин хулоса расиданд, ки хатми низоъ танҳо тавассути музокираҳои сиёсӣ ба даст меояд. Ин нукта дар матни изҳороти муштараки президентон нашр шудааст, ки дар вебсайти Рӯҳонӣ ҳам 4 апрел чоп шуд. Дар давоми камтар аз ним соли охир бори дуюм аст, ки Эрдуғон музокироти сеҷониба... Читать дальше...
Тоҷикистону Русия соати дувоздаҳи шаби 5-уми апрел тамоми маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳоро ба ду самт аз байн хоҳанд бардошт.
Баъди 7 соли ҷанг дар Сурия, нақшаи ояндаи ин кишварро дар Анкара тарҳрезӣ мекунанд. Тарроҳони ин нақша бозигарони асосии ин ҷангҳо мебошанд. Амрико дар миёни онҳо нест.
Дар натиҷаи сӯхтор дар як маркази тиҷоратии шаҳри Маскав, 100 нафар аз дохили бино берун оварда шуданд. Ин маркази тиҷоратӣ махсуси фурӯши маҳсулот барои кӯдакон аст ва вақти оташ гирифтани амборҳои ошёнаи боло боми бино ба замин сарозер шуд. Дар натиҷа як нафар кушта шуд. Сӯхтор дар маркази “Персей для детей” рӯзи 4 апрел сар зад. Матбуот ва ҳам хадамоти изтирорӣ хабар доданд, ки аз дохили бино 115 нафар берун оварда шуд. Бинои чорошёнаи маркази тиҷоратӣ 6000 метри квадратӣ буда, дар шарқи Маскав ҷойгир аст. Читать дальше...
Нақли хабарнигори Радиои Озодӣ аз аҳволи мардуми шаҳри бостонии Панҷакент
Муштариҳои "Тоҷиксодиротбонк" мегӯянд, маблағҳои худро гирифта наметавонанд.
Пешниҳоди Русия барои таҳқиқи якҷояи парвандаи заҳролудшавии Сергей Скрипал "ғайриахлоқӣ" аст. Ин нуктаро ҳайъати Британия дар нишасти изтирории Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ дар Гаага баён дошт. Ин нишаст бо талаби Маскав даъват шуд. Маскав нишасти созмонро ба хотири муқовимат ба айбдоркуниҳои Лондон даъват кард, ки Русияро дар заҳролудшавии Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия бо гази фалаҷкунандаи асаб, дар шаҳри Солсберии Британия, муқассир медонад. Ҳайъати Британия гуфт, ки хоҳиши Маскав "тактикаи диверсионӣ... Читать дальше...
Бар тибқи мушоҳидаи мутахассисон, малахи марокашӣ дар навоҳии ҷануб 15 рӯз пеш дар қиёс ба соли гузашта пайдо шудаанд.
Тоҷикистону Русия рафтуомади ҳавоиро баррасӣ мекунанд, раҳбарони ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон имкони ором намудани минтақа баъди бархӯрдҳои як рӯзи пешро баҳс мекунанд, таҳқиқи марги Абдурасул Назаров, тирпарронӣ дар қароргоҳи YouTube ва матолиби дигар.
Камии алаф дар кӯҳистон ва талу теппаҳои баъзе ноҳияҳои Хатлон эҳтимоли ҳамлаи малахҳои марокашӣ ба замини кишти сокинонро бештар кардааст. Кишоварзон аз малахи марокашӣ ба унвони ҳашароти зараррасон ном мебаранд, ки дар авоили моҳи март аз хок берун шуда, ба замину дарахтони сабз ҳуҷум мекунад.
Кишоварзон бар ин назаранд, чун дар кӯҳҳо ҳанӯз алаф нарустааст, барои ғизо малахҳо ба заминҳои кишти онҳо мекӯчад.
Сухангӯи президенти Узбекистон гуфт, ки "Шавкат Мирзиёев аз тамоми сохтакориҳо, ки ҳангоми сафарҳояш дар кишвар ҷараён мегиранд, хабар дорад". Расонаҳо пештар навишта буданд, ки дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон ба вилояти Ҷиззах донишомӯзони коллеҷи маҳаллӣ нақши коргарони корхонаи дузандагиро бозиданд. Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти маҳаллӣ "барои президент намоишнома" таҳия карданд. Комил Алламҷонов, сухангӯи президенти Узбекистон гуфт: "Мо аз ин ҳодиса огоҳ ҳастем. Агар шумо таваҷҷуҳ карда бошед... Читать дальше...
Мақомоти Тоҷикистон пурра дақиқ набудани баъзе аз қитъаҳои марз бо Қирғизистонро як сабаби афзоиши қочоқи маҳсулот ва воридоти ками маблағ ба буҷет номиданд.
Шаш сарбози афғон дар як таркиши бомба дар шаҳри Кобул ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Дар ин бора вазорати дифои Афғонистон хабар дод. Дар изҳороти вазорат гуфта шуд, ки ду бомбаи магнитӣ дар як сутуни барқ насб шуда буд ва рӯзи 4 апрел, лаҳзаҳое, ки сарбозони артиши миллии Афғонистон аз наздаш убур мекарданд, ба кор андохта шуд. Аз ин пеш мақомоти вазорати беҳдошти Афғонистон гуфтанд, ки се нафар барои муолиҷа ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст... Читать дальше...
Раҳбарони се кишвари назди Балтика аз президенти ИМА Доналд Трамп хостанд, ки аз роҳи тақвияти нирӯҳои ИМА ва НАТО дар амри боздоштани Русия дар соҳилҳои шарқӣ талош ба харҷ диҳад. Дар мулоқоте, ки рӯзи 3 апрел дар Кохи Сафед ҷараён гирифт, президентони Литва Далия Грибаускайте, Эстония – Керстӣ Калюлайд ва Литва – Раймонд Вейонис иштирок карданд. Онҳо мунаққидони шадиди Русия дар Иттиҳодияи Аврупо буда, дар шароите аз Амрико боздид мекунанд, ки Трамп дар робита бо нақшаҳояш нисбати Кремлин паёмҳои зидду нақиз додааст. Читать дальше...
Як хонандаи тоҷик дар озмуни байналмилалии илмҳои нанотехнология пирӯзӣ ба даст овард. Ин озмун аз 25 то 31-уми марти имсол дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов баргузор шудааст. Тоҷикистонро дар ин сабқат гурӯҳе аз хонандагони литсей-интернати «Ҳотам ПВ» муаррифӣ карданд. Аз миёни онҳо Далер Пиров, хонандаи синфи 9-ум ғолиб дониста шуд. Пештар аз ин хонандаҳои тоҷик дар озмуни техникаи роботсозӣ, ки дар Русия баргузор шуда буд, пирӯзӣ ба даст оварданд. Соли 2008 бори аввал аз Тоҷикистон... Читать дальше...
Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 3 апрел тасмими Косово дар заминаи истирдоди шаш шаҳрванди Туркия ва душманони сиёсии президент Раҷаб Таиб Эрдуғонро интиқод кард. Брюссел гуфт, ки тасмими истирдод суолҳоеро дар заминаи мурооти ҳуқуқи инсон аз ҷониби Приштина ва Анкара эҷод мекунад. Истирдоди рӯзи 29 март, ки онро вазири умури дохилӣ ва раҳбари хадамоти иттилооти Косово иҷро карданд, боиси рӯзи дигараш аз кор барканор шудани ин ду мақом шуд. Нахуствазир Рамуш Ҳарадинаҷ гуфт, ки ин ду мақом бидуни иҷозати ӯ ин амалро иҷро кардаанд. Читать дальше...
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки умедвор аст мулоқоти созмони нозири силоҳҳои кимиёӣ рӯзи 4 апрел дар амри коҳиши таниши азими дипломатӣ мусоидат мекунад. Бритониё ахиран Русияро барои заҳролудкунии ҷосуси собиқи рус дар Инглистон айбдор кард ва гуфт, ки Сергей ва духтараш Юлия Скрипал бо маводи кимиёии фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шудааст. Ин ду нафар рӯзи 4 март дар ҳолати беҳушӣ дар шаҳри Салисбури пайдо ва ба бемористон истиқол дода шуданд. Маскав даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад мекунад. Читать дальше...
Тирпарронӣ дар қаламрави ситоди YouTube дар шаҳри Сан-Бурнои аёлати Калифорнияро зане бо номи Насим Агдам анҷом дод. Дар ин бора CNN рӯзи 4 апрел бо такя ба манобеи ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот гузориш дод. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои CNN, Агдам дар шаҳри Риверсайди Калифорния ва ҳамчунин Сан-Диего зиндагӣ мекард. Биноба маълумоти пешакӣ, ин зан ба ширкати YouTube ҳеҷ рабте надорад. Шабакаи телевизионии CNBC хабар дод, ки Агдам 39-сола аст ва бо таппонча мусаллаҳ буд. Қаблан пулиси Сан-Бруно гуфт, зане... Читать дальше...
Муҳлати тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, то моҳи июни имсол дароз шуд. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Суғд рӯзи 4-уми апрел гуфт, “ин муҳлат имкон хоҳад дод, ки парванда ҳаматарафа таҳқиқ шавад”.
Як кушта ва се захмӣ бар асари тирпарронӣ дар қароргоҳи YouTube.
103news.com — информационный сайт, транслирующий новости города Вашего города онлайн. Всё, что происходило и происходит в городе — в оперативной ленте ежедневных новостей в интерактивном режиме на сайте 103news.com.
Самые свежие новости Вашего города, а также полный архив ежедневных событий города с аналитикой, комментариями и прямыми ссылками на источники информации. Местные городские, авторитетные региональные и популярные федеральные новостные агентства и телеканалы — в одной ленте новостей, упорядоченные по времени публикации и с обязательным указанием первоисточника информации. Ничего лишнего. Всё о чём говорят, пишут в газетах и блогах, показывают по телевизору и транслируют в интернете — из первых рук.
103news.com — самый полный календарь значимых и не очень событий Вашего города, в Вашем городе и о Вашем городе вчера, сегодня и прямо сейчас — от пользователей нашего сайта в режиме онлайн. А также — актуальные статьи и мировые новости.
Если же Вы проживаете в городе Вашем городе или у Вас есть просто интересная информация о городе и горожанах мы всегда рады разместить её на нашем портале с указанием в публикации Вашего авторства. Пишите нам на электронный адрес: mail@29ru.net. Создайте свой блог и, если он будет интересен, то Вы получите совершенно бесплатно баннер и прямую ссылку на него, размещённую на всех страницах региональных интернет-ресурсов нашей веб-группы, а это — более 1 000 000 просмотров в месяц.
103news.com — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 103news.com.
Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости