Интиқоди Иттиҳодияи Аврупо аз Косово ва Туркия барои истирдоди шаш турк
Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 3 апрел тасмими Косово дар заминаи истирдоди шаш шаҳрванди Туркия ва душманони сиёсии президент Раҷаб Таиб Эрдуғонро интиқод кард. Брюссел гуфт, ки тасмими истирдод суолҳоеро дар заминаи мурооти ҳуқуқи инсон аз ҷониби Приштина ва Анкара эҷод мекунад. Истирдоди рӯзи 29 март, ки онро вазири умури дохилӣ ва раҳбари хадамоти иттилооти Косово иҷро карданд, боиси рӯзи дигараш аз кор барканор шудани ин ду мақом шуд.
Нахуствазир Рамуш Ҳарадинаҷ гуфт, ки ин ду мақом бидуни иҷозати ӯ ин амалро иҷро кардаанд. Туркҳои истирдодшуда ба ҷумбиши Фатҳулло Гӯлен рабт доранд ва худи ин рӯҳониро ҳукумати Эрдуғон барои талоши суқут додани ҳукумат дар соли 2016 гунаҳгор кардааст. Худи Гӯлен, як рӯҳонии маъруф ва сокини ИМА ва ҳам тарафдорони ӯ ин иттиҳомотро сохтаву беасос меноманд.
Ин дар ҳолест, ки Косово ва Туркия барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ариза додаанд. Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо дар як изҳороташ гуфт, ки тасмими ихроҷи шаш шаҳрванди Туркия суолҳоеро дар заминаи эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқи башар аз ҷониби Косово ва Туркия эҷод мекунад. Вай гуфт, ҳокимияти қонун принсипи асосии Иттиҳодияи Аврупо аст.