Лондон: иштироки Русия дар таҳқиқи парвандаи Скрипал "ғайриахлоқӣ" аст
![Лондон: иштироки Русия дар таҳқиқи парвандаи Скрипал](https://gdb.rferl.org/7E7162FB-951C-43B2-97DB-18F9A42A41FB_w800_h450.jpg)
Пешниҳоди Русия барои таҳқиқи якҷояи парвандаи заҳролудшавии Сергей Скрипал "ғайриахлоқӣ" аст. Ин нуктаро ҳайъати Британия дар нишасти изтирории Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ дар Гаага баён дошт. Ин нишаст бо талаби Маскав даъват шуд.
Маскав нишасти созмонро ба хотири муқовимат ба айбдоркуниҳои Лондон даъват кард, ки Русияро дар заҳролудшавии Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия бо гази фалаҷкунандаи асаб, дар шаҳри Солсберии Британия, муқассир медонад. Ҳайъати Британия гуфт, ки хоҳиши Маскав "тактикаи диверсионӣ, пахши дуруғҳои бештар ва фирор аз суолҳоест, ки мақомоти Русия бояд ба онҳо посух бигӯянд.
Донишмандони озмоишгоҳи таҳқиқи силоҳи кимиёвӣ дар Партон-Даун ба ин натиҷа расиданд, ки ин заҳри замони Шӯравӣ ба гурӯҳи маводи фалаҷкунандаи асаб - "Новичок" шомил аст, аммо то ҳол муайян накардаанд, ки он дар Русия истеҳсол шудааст ё хайр.
Намояндагони Иттиҳоди Аврпуо пешниҳод карданд, ки дар парвандаи заҳролудшавии корманди собиқи Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал, Русия бояд дар таҳқиқоти Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ ҳамкорӣ кунад