Дастгоҳ розӣ шуд: Навиштани эссе барои аксари довталабон бекор мешавад
Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон розигӣ додааст то навиштани эссе ё иншо барои аксари довталабон дар соли равон бекор карда шавад. Тибқи розигии дастгоҳи президент имсол ба ҷуз аз довталабони риштаи филологӣ ва педагогӣ, муҳассилини дигар риштаҳо аз навиштани эссе озод мебошанд. Ин дар ҳолест, ки қарор буд имсол кулли довталабони макотиби олии Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба донишгоҳ эссе нависанд.
Абдувосит Юлдошев, як масъули Маркази миллии тестӣ рӯзи 18 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бинобар ҷой доштани баъзе мушкилот барои ҷорӣ кардан ва тафтиши кори хаттӣ, ахиран қарор шуд то эссеро танҳо довталабони риштаи филологию педагогӣ нависанд.
Ба қавли ҷаноби Юлдошев, гуруҳи ихтисосҳои сеюм ё риштаҳои филологию педагогӣ бештар барои навиштани эссе мувофиқтар мебошанд. Аммо ин масъули Маркази миллии тестӣ мегӯяд, феълан маълум нест, ки навиштани эссе барои довталабони дигар риштаҳо солҳои оянда ҷорӣ мешавад ё хайр.
“Мо бояд механизмро муайян кунем ва баъдан дақиқ мекунем, ки чӣ кор карда лозим аст. Натиҷаи ин имтиҳонҳоро дида мо пешниҳод мекунем, ки барои дигар кластерҳо ҷорӣ мешавад ё не,”-афзуд Абдувосит Юлдошев.
Мавзӯи навиштани эссе ё иншо бахусус атрофи мавзуъҳои интихобшудаи он қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба вуҷуд оварда буд. Дар феҳрасти тасдиқшудаи номгӯи мавзӯъҳо дар баробари мавзӯҳо аз адабиёт, инчунин 60 мавзӯи озод низ пешниҳод мешавад, ки аксарияти онҳо аз мавзуҳои марбут ватандӯстӣ ҳастанд.
Дар аввали ин феҳристи мавзӯҳои озод, мурратибон мавзӯҳои "Пешвои миллат- ҳомии миллат", "Пайравони Пешои миллатем!"-ро пешниҳод кардаанд. Дар баробари ин дар ин феҳраст, мавзӯҳоеро ба мисли "Ман ориёиям ва бо ин фахр мекунам", "Либосҳои миллӣ -- тараннумгари фарҳанги миллат", "Танзими расму оинҳо - осоиши зиндагӣ" пешниҳод мешавад.