Ба думболи интихоби Серж Саркиссиён ба мақоми нахуствазири Арманистон, дар пойтахт шаҳри Ереван ҳазорон нафар раҳпаймоӣ карданд.
Маъмурони пулис рӯзи 18-уми апрел даҳҳо нафар аз ин тазоҳургаронро дастгир карданд, ки мехоҳанд, эътирозҳо дар Арманистон идома ёбад. Никол Пашиниён, пешвои мухолифони давлат, ки тазоҳургаронро раҳбарӣ мекунад, издиҳоми тазоҳургаронро ба самти хиёбони Маршал Багромиён, ҳидоят кард, ки ба тарафи бинои порлумон мебарад.
Ӯ ваъда дод, ки «муҳосираи» биноҳои муҳими ҳукуматиро идома медиҳад. Читать дальше...