Гашти сиёсии ҳизби ҳокими Арманистон барои пешгирӣ аз ноамнӣ?
Ҳизби ҳокими Арманистон рӯзи 28-уми апрел гуфт, барои фӯру нишондани бузургтарин бӯҳрони сиёсии кишвар дар солҳои ахир номзадеро ба мақоми нахуствазир пешниҳод намекунад. Айни замон Амрико аз тамоми тарафҳои бӯҳрон хост, “бо нияти хайр музокира кунанд.”