Раҳбари пешини хадамоти амнияти Арманистон боздошт шуд
Раҳбари пешини хадамоти амнияти Арманистон, дар аҳди президенти қаблӣ Серж Саркисян, бо иттиҳоми "бойшавии ғайриқонунӣ" боздошт шуд.
Додгоҳе дар Ереван рӯзи 28-уми июн амри боздошти Вачаган Ғазариянро барои ду моҳ содир кард.
Серж Саркисян, ки 10 сол раиси ҷумҳури Арманистон буд, бо анҷоми муҳлати раёсаташ ба мақоми баланди нахуствазирӣ таъин шуд ва ин бӯҳрони сиёсиро дар кишвар ба бор овард. Саркисян бо талаби оммавии шаҳрвандон аз мақом барканор шуд ва роҳро барои ба қудрат расидани Никол Пашинян боз кард.
Пашинян 8-уми майи имсол ба сифати нахуствазири ҷадид савганд ёд кард.
Пулиси Арманистон Ғазариянро рӯзи 25-уми июн дар ҳоле боздошт кард, ки ӯ бо беш аз 1 миллион доллари нақд аз бонк берун мешуд.
Рӯзи 27-уми июн Хадамоти махсуси тафтишот Ғазариянро ба "бойшавии ғайриқонунӣ" ва пинҳон доштани дороиҳояш муттаҳам кард.