Эъломияи мақоми Баҳри Каспийро имзо карданд. ВИДЕО
Раҳбарони панҷ кишвари соҳили Баҳри Каспий – Эрону Русия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Қазоқистон – рӯзи 12-уми август барои ҳалли ихтилофи чандинсола дар бораи мақоми ҳуқуқии ин баҳр созишнома имзо карданд. Аммо дар суханрониҳои худ, қабл аз имзои созишнома, дар бораи он тафсилот надоданд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, ҳалли мақоми ҳуқуқии Баҳри Каспий шароити навро барои рушди ҳамкории наздик дар арсаҳои мухталиф эҷод мекунад.
Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, онҳо мувофиқа карданд, ки як механизми хоси машваратии муташаккил аз ҷониби вазоратҳои хориҷии ин панҷ кишвар ташкил шавад ва бандҳои созишномаро татбиқ намояд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Илҳом Алиев – раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – раиси ҷумҳури Туркманистон низ дар ин ҷаласа иштироку суханронӣ карданд.
Мақоми ҳуқуқии Баҳри Каспий пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 мавриди баҳсу муноқиша буд.