Меркел барои гази Русия дар Озарбойҷон ҷойгузин мекобад
![Меркел барои гази Русия дар Озарбойҷон ҷойгузин мекобад](https://gdb.rferl.org/0DD23D70-2C22-4901-805E-801E0D9CDE45_cx0_cy6_cw0_w800_h450.jpg)
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо ҳадафи музокироти интиқоли гази Озарбойҷон аз баҳри Каспий ба Аврпуо, озими Боку шуд. Баъди танқиди президенти ИМА Доналд Трам, ки гуфт "Олмон асири Русия шудааст" Меркел барои гази Русия ҷойгузин мекобад, ҳарчанд аз лӯлаи "Маҷрои шимолӣ" даст накашидааст,- гуфт хабаргузории Reuters рӯзи 22 август.
Хабаргузорӣ бо такя ба як мақоми баландпояи Олмон навишт, ки ин кишвар ба бунёди долони Ҷанубии интиқоли газ манфиатдор аст. Ҳамсӯҳбати хабаргузориӣ ин долонро "як бахши стратегияи танаво"- и интиқоли энержии Русия ба Аврпуо унвон кард.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар байни мавзӯҳое, ки Меркел бо мақомоти Озарбойҷон матраҳ мекунад, модернизатсияи сохтор барои интиқоли минбаъдаи гази Озарбойҷон тавассути Туркия ба Аврупо аз мавзӯҳои музокирот хоҳад буд.
Моҳи гузашта Кохи сафед дар баробари он ки Олмонро "асири Русия" ва тарҳи "Маҷрои шимолӣ"-ро бадтарин тарҳ номид, ҳамчунин ҳушдор дод, ки иштирокдорони ин тарҳро таҳрим хоҳад кард.