Мурофиаи Диловар Гулов мавқуф гузошта шуд
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо такя ба дархости вакилони мудофеи парвандаи Диловар Гулов -- писари собиқ вазири энержии Тоҷикистон Гул Шералӣ, мурофиаи ӯро то анҷоми тафтишоти "ҳолатҳои шиканҷа шудани ӯ" аз тарафи кормандони УБОП, мавқуф гузоштааст.