Марги чаҳор нафар дар садамаи нақлиётӣ дар Роғун
Манобеъ мегӯянд, бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун чаҳор нафар фавтида ва шаш тани дигар маҷруҳ шудаанд. Афроди осебдидаро дар бемористони марказии шаҳри Роғун табобат доранд ва якеи онҳо ба сабаби амиқ набудани ҷароҳат рухсат шудааст.