Ҳавошиносон: Хокбориши Душанбе аз шимоли Афғонистон омад
![Ҳавошиносон: Хокбориши Душанбе аз шимоли Афғонистон омад](https://gdb.rferl.org/3179a855-6c9c-4556-a0e8-1b81f714028d_tv_w800_h450.jpg)
Ҳавошиносони тоҷик гуфтанд, боди хушку олуда ба гарду ғубор, ки аз шимоли Афғонистон ва Узбекистону Туркманистон ба Тоҷикистон ворид шуд, сабаби хокбориш шуд ва чунин вазъ то шоми 29-уми октябр идома мекунад. Баъд, мумкин аст, борон борида, хоку гарди чеҳраи Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистонро бишӯяд.