Меркел: Баъди соли 2021 аз кор дар ҳукумат канор меравам
Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар муроҷиат ба Иттиҳоди христиану демократи таҳти раҳбариаш гуфт, ки дигар намехоҳад барои раисии ин ҳизби сиёсӣ мубориза барад, вале гуфт, дар мақоми нахуствазирӣ корашро идома хоҳад дод. Ӯ инчунин гуфт, ки баъди анҷоми мӯҳлати раҳбариаш дигар аз кор дар ҳукумат канор меравад ва дигар ҷӯёи мақоме нахоҳад шуд.
Рӯзи 29 октябр хабаргузориҳо гуфтанд, чунин тасмимро Меркел баъди он гирифт, ки ҳизбаш дар ду интихоботи ахир бо натиҷаҳои пасттар ба марра расид.
Ба иттилои манобеи мухталиф, Аннегрет Крамп-Карренбауэр, як узви фаъоли ҳизб ва нафаре, ки аз ӯ худи Меркел пуштибонӣ мекунад, метавонад раҳбари нави ҳизб шавад. Қарор аст, раҳбари нави ҳизб дар моҳи декабри имсол интихоб шавад.
Меркел аз соли 2000 ба ин сӯ раҳбарии ҳизб ва аз соли 2005 – раҳбарии Олмонро ба ӯҳда дорад. Герҳард Шрёдер, ки пеш аз Меркел дар мақоми садри аъзам кор кардааст, ҳамчунин соли 2004 аз раҳбарии ҳизб канор рафт, вале вазифаи давлатиро идома дод.