Вазири маориф: "Аз пули давлат хондед, пас бояд ба давлат кор кунед"
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид мегӯяд, ба наздикӣ вакилони мардумӣ лоиҳаи кодекси маорифро баррасӣ ва эҳтимол тасвид кунанд. Вазири тоҷик бар ин назар аст, ки донишҷӯёни аз ҳисоби давлат таҳсил намуда, бояд ба нафъи давлат кор кунанд.