Ҳалокати 4 хонандаи мактаб дар Айнӣ. Яхпора шикаст ва...
Бар асари шикастани яхпора дар обанбори хурде дар рустои Оби Канапои ноҳияи Айнии вилояти Суғд чаҳор навраси 14-15-сола ҷон бохтаанд. Ҳодиса соати шаши бегоҳи 23-юми феврал рух дода, ба қавли сокинон, ҷасадҳо танҳо соати даҳи шаб аз даруни об берун оварда шуданд.