Дар асоси "Сад соли танҳоӣ" филм ба навор мегиранд
Ширкати амрикоии "Нетфликс" дар асоси романи "Сад соли танҳоӣ"-и Габриел Гарсиа Маркес филми бисёрсериягиеро ба навор хоҳад гирифт. Дар ин бора ширкат рӯзи 6-уми мар дар "Твиттер" хабар додааст.
Асари Габриел Гарсиа Маркес ҳарчанд соли 1967 нашр шудааст, бори нахуст аст, ки дар асоси он филмеро ба навор мегиранд. Хонаводаи нависанда, ки соли 2014 даргузашт, то ҳол иҷозат намедонанд, дар асоси романи мазкур филме гирифта шавад.
Бино ба хабарҳо, писарони Маркес - Родриго ва Гонсало коргардонони аслии филм хоҳанд буд. Филм бо забони испанӣ дар Колумбия наворбардорӣ хоҳад шуд.
"Падари мо ҳамеша зидди наворбардории филм дар асоси асараш буд. Чун, ба гуфтаи ӯ, филм як жанри хеле кӯтоҳ буда, наметавонад ҳамаи муҳтавои асарашро бозгӯ кунад. Ҳамчунин ба назари ӯ, бо забони ғайри испанӣ наворбардорӣ кардани филм дар асоси "Сад соли танҳоӣ" номуносиб аст", - иқтибос овардааст расонаи Variety аз суханони писари нависанда Родриго Гарсиа.
"Сад соли танҳоӣ"-и Габриел Гарсиа Маркес яке аз асарҳои машҳуртарини адабиёти Амрикои Лотин аст. Ба иттилои The New York Times, то имрӯз он бо 46 забон тарҷума шуда, беш аз 50 миллион нусхааш ба фурӯш рафтааст.