Мақомот: Қазоқистон "ба умури дохилии Чин дахолат намекунад"
Қазоқистон наметавонад, масъалаи фишор ба қазоқҳои қавмиро "дар урдугоҳҳои бозтарбия"-и Чин дар созмонҳои байналхалқӣ ба баррасӣ гузорад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов изҳори назар кард. "Мо ҳақ надорем, ки ин масъаларо дар созмонҳои байналхалқӣ баррасӣ кунем. Ин масъалаи дохилии Чин аст. Мо ба умури дохилии онҳо дахолат намекунем", - гуфт вазир. Вай афзуд, бо сафири тозатаъйини Чин дар Қазоқистон масъалаи "урдугоҳҳои бозтарбияи ақалиятҳои қавмӣ"-ро баррасӣ мекунад. Читать дальше...