Ба Навалний иҷозат надоданд, ки аз кишвар хориҷ шавад
Алексей Навалний, раҳбари мухолифини Русия, ки рӯзи 13 ноябр мехост ба Страсбург парвоз кунад, аз фурудгоҳ баргардонида шуд. Ӯ мебоист дар ҷаласаи Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон ширкат кунад. Навалний дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки гумрукчиёни Русия дар фурудгоҳ шиносномаи ӯро "барои тафтиш" бурданд. Баъдтар Навалний навишт, ки гумрукчиён гуфтанд, ӯ ҳақ надорад аз Русия хориҷ шавад. Навалний гуфт, ки мақомоти Русия ӯро борҳо ҳангоми гирдиҳамоиҳо ғайриқонунӣ боздошт ва дар қонунвайронкунии маъмурӣ айбдор кардаанд. Читать дальше...