Як марди 70-сола дар Душанбе барои бори даҳум зиндонӣ шуд
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ як сокини Душанберо барои даҳум маротиба ба зиндон равон кард. Масъулини додгоҳ мегӯянд, ин марди 70-сола аз нуҳ маротиба зиндонӣ шудан сабақ нагирифтааст. Як мақом дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 13-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Файзалӣ Мирзоеви 70-сола то ин вақт нӯҳ маротиба зиндонӣ шуда, солҳои зиёдеро паси панҷара гузарондааст. Ба қавли манбаъ, Файзалӣ Мирзоев ахиран дар назади таваққуфгоҳи бозори "Саховат" Тоҷиддин Қурбоновро латту кӯб карда, бо корд ӯро захмӣ кард. Читать дальше...