Додситонҳои Амрико талаб доранд, як қочоқбари мексикоӣ, ки бо номи “Эл Чапо” маъруф аст, 13 миллиард доллареро, ки аз ҳисоби фурӯши ҳероину кокаин ва дигар маводи мухаддир ба даст овардааст, ба давлат супорад. Додситони Бруклин рӯзи 5-уми июл аз додгоҳ хост, ба Ҷоакин Гузман амр диҳад, ки пулеро гурӯҳи ҷиноии Синалоаи ӯ аз ҳисоби фурӯши кокаин, ҳероин ва марихуана дар Амрико ба даст овардааст, баргардонад. Маълум нест, ки Амрико барои қонеъ кардани талаби додситон ин пулҳоро чӣ гуна мусодира мекунад. Читать дальше...