Аз "Эл Чапо" мехоҳанд, миллиардҳо долларро баргардонад
Додситонҳои Амрико талаб доранд, як қочоқбари мексикоӣ, ки бо номи “Эл Чапо” маъруф аст, 13 миллиард доллареро, ки аз ҳисоби фурӯши ҳероину кокаин ва дигар маводи мухаддир ба даст овардааст, ба давлат супорад. Додситони Бруклин рӯзи 5-уми июл аз додгоҳ хост, ба Ҷоакин Гузман амр диҳад, ки пулеро гурӯҳи ҷиноии Синалоаи ӯ аз ҳисоби фурӯши кокаин, ҳероин ва марихуана дар Амрико ба даст овардааст, баргардонад. Маълум нест, ки Амрико барои қонеъ кардани талаби додситон ин пулҳоро чӣ гуна мусодира мекунад. Сухангӯи додситонӣ мавзӯро шарҳ надодааст.
Ҷефрӣ Лихтман, як вакили дифои Ҷоакин Гузман дар бораи пулҳои ӯ гуфтааст, ки “ин як тахмини академикист, чун ҳукумат ҳеҷ гоҳ як қирони 12 миллиарду 700 миллион долларро, ки гӯё Гузман ба даст овардааст, пайдо накардааст.” Гузмани 62-соларо моҳи феврали имсол ба қатл ва қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор донистанд ва мумкин аст, ӯро ба зиндони якумрӣ маҳкум кунанд.
Ин мард соли 1980 ва баъди он маъруф шуд, ки дар марзи Амрикову Мексика як нақберо канд, ки ба ӯ имкон медод, ба осонӣ ва зуд кокаинро аз Мексика ба Амрико ворид кунад. Ӯ солҳои зиёди худро дар кӯҳҳои Синалоа ва зери ҳимояти як лашкари хусусӣ сипарӣ кардааст. Ҷоакин Гузман ду бор аз зиндонҳои Мексика гурехтааст. Ӯро соли 2016 дастгир карданд ва барои муҳокима ба Амрико супурданд.