Пулиси Минск тазоҳурот дар маркази шаҳрро пароканда кард
Пулиси Белорус иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ дар майдони Истиқлоли шаҳри Минскро пароканда кард Шоҳидон аз боздошти эътирозгарон хабар медиҳанд. Кормандони ОМОН ҳудуди 100 нафарро дар калисоҳои Симеон ва Елена 40 дақиқа маҳкам карданд. Корбарон хабар доданд, ки тамосҳои мобилӣ барои як муддати кутоҳ қатъ шуд. Ба гуфтаи онҳо, иртиботи мобилӣ пеш аз омадани маъмурони ОМОН ба майдон қатъ гаштааст. Ин хабарро дар ширкати фароҳамкунандаи интернет - А1 тасдиқ карданд. Дар ширкат гуфтанд, ин кор бо дастури мақомот сурат гирифт. Читать дальше...